Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Дӣ гузаштем бар он дилбару гуфтем дуо

Дӣ гузаштем бар он дилбару гуфтем дуо: Қола: Ман антум? Қулно: Фуқароу ғурабо. Фуқароему аҷаб ки нахоҳем зи ту Ҳеҷ ҳоҷат, ки туӣ дар ду ҷаҳон ҳоҷат мо. Ѓурабоему надорем ба ҷуз ту ватане, Чанд бошем чунин аз ватани хеш ҷудо? Ба фақирон назаре кун, ки ба таъйиди назар Бар миси фақри фақирон туӣ иксири ғано. Бар ғарибон гузаре кун, ки ба ташрифи қудум Аз дили танги ғарибон ту барӣ бори ано Гачӣ дар майкадаи ишқ ҳазорон роҳ аст, Ҳаст наздикарин роҳ раҳи фарқу фано. Ҷомӣ, ин роҳ ба ҷуз роҳи сабукборон нест, Доман аз хеш бияфшону дар ин роҳ даро.