Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Баски дар ҷони фигору чашми бедорам туӣ

Баски дар ҷони фигору чашми бедорам туӣ, Ҳар кӣ пайдо мешавад аз дур, пиндорам туӣ. Он кӣ ҷон мебозаду сар дарнамеорӣ, манам, В-он кӣ хун мерезаду сар дарнамеорам, туӣ. Гар талаф шуд ҷон, чӣ бок, ин бас, ки ҷонони манӣ, В-ар зи каф шуд дил, чӣ ғам, ин бас, ки дилдорам туӣ. Гарчӣ сад хорӣ расад ҳар дам зи дасти ғам маро, Ман чӣ ғам дорам, азизи ман, ки ғамхорам туӣ. Рӯзро дарюзаи нур аз шаби тори ман аст, То ба он рӯи чу маҳ шамъи шаби торам туӣ. Бо кӣ гӯям дарди худ, ё раб, дар ин шабҳои ғам , Огаҳ аз сабри каму андӯҳи бисёрам туӣ. Гарчӣ настонӣ ба ҳеҷам бар сари бозори васл, Худфурӯшӣ бин, ки мегӯям харидорам туӣ! Гуфтаӣ ёри туам, Ҷомӣ, маҷӯ ёри дигар, Ман басе беёр хоҳам буд, агар ёрам туӣ!