Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Инчунин хубу нозанин, ки туӣ

Инчунин хубу нозанин, ки туӣ, Набувад ҳеҷ кас чунин, ки туӣ. Гар гулистони ҷаннатам бахшанд, Наравам з-он гули замин, ки туӣ. Сӯҳбати ҷону тан наёрад тоб, Мӯниси ҳар дили ҳазин, ки туӣ. Ҳар мурғи дил аз ту ҷон набарад, Боз аз ин гуна дар камин, ки туӣ. Турки яғмогаре, ки мегӯянд, Шак надорам дар ин яқин, ки туӣ. Орзӯи дигар намехоҳам, Ҳамдами ҷони ман ҳамин, ки туӣ. Ҷомӣ, охир ба доғи дил сӯзӣ, Бо чунин оҳи оташин, ки туӣ.