Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бо чунин қомату боло, ки туӣ

Бо чунин қомату боло, ки туӣ, Кист сарви чаман он ҷо, ки туӣ?! Ба даме зинда кунӣ сад мурда, Исӣ имрӯз ҳамоно, ки туӣ. Чанд гӯӣ, ки бигӯ, ҷони ту кист, Ба худо, эй бути раъно, ки туӣ. Чун тавонем, ки ошиқ нашавем, Бо чунин сурати зебо, ки туӣ? Ҷомиё, шӯҳра шави зуд ба ишқ, Инчунин волаву шайдо, ки туӣ.