Нозанино, зи ниёзи шабам огоҳ туӣ!
Нозанино, зи ниёзи шабам огоҳ туӣ!
Воқифи оҳу дами сарди саҳаргоҳ туӣ!
Моҳро ин ҳама ойини шабафрӯзӣ чист,
Гар набинбуда рух аз оинаи моҳ туӣ?!
Буд дилхоҳи мусаввир, ки кашад нақши малак,
Нақш ангехта бар мӯҷиби дилхоҳ туӣ!
Баршикан анҷумани анҷуму маҳро, к-имрӯз
Офтоби фалаки манзалату ҷоҳ туӣ!
Бо ту дар мулки малоҳат насазад шоҳи дигар
Хуш бар он Рахш, ки ҳар ҷо ки равӣ, шоҳ туӣ!
Дар раҳи ишқ ба ҷуз меҳнату ғам нест, вале
Чӣ ғам аз меҳнату роҳ аст, ки ҳамроҳ туӣ!
Ҳоҷати қиблаи сурат набувад Ҷомиро,
Қиблаи ҳоҷаташ, алминнатулиллоҳ, туӣ!