Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бозам зи дида, эй гули хандон, чӣ меравӣ

Бозам зи дида, эй гули хандон, чӣ меравӣ, Чокам чу гул фиканда ба доман, чӣ меравӣ? Сарвию ҷои сарв ба ҷуз ҷӯйбор нест, Аз ҷӯйбори дидаи гирён чӣ меравӣ? Аз ашки сурх дидаи мо кони лаъл шуд, Эй сангдил, ту сӯи Бадахшон чӣ меравӣ? Шаҳре хароб мешавад, эй мушкбӯ ғизол, Ту рӯ ниҳода сӯи биёбон, чӣ меравӣ? Ҷомӣ фитода чун тани беҷон зи ҳаҷри ту, Танро чунин гузошта, эй ҷон, чӣ меравӣ?