Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

То кай аз халқ асири ғами беҳуда шавӣ?

То кай аз халқ асири ғами беҳуда шавӣ? Аз ҳама рӯ ба худо ор, ки осуда шавӣ! Рӯзу шаб дар назарат мавҷзанон баҳри қидам, Ҳайф бошад, ки ба лавси ҳадас олуда шавӣ. Миси қалбӣ, чӣ такосул кунӣ, иксир талаб, З-он чӣ ҳосил, ки ба талбис зарандуда шавӣ?! Хоб бигзор, ки дар анҷумани зиндадилон Гар шавӣ дида в-ар аз дидаи нағнуда шавӣ. Макун, эй хоҷа, дуруштӣ, ки дар ин тира мағок , То занӣ чашм ба ҳам, зери қадам суда шавӣ. Саъй дар костани ҳастии худ кун, ки чу моҳ Гар шавӣ коса, шак нест, ки афзуда шавӣ. Ҷомӣ, аз фақр насиме ба машомат нарасад, То хуш аз будаву ғамнок зи нобуда шавӣ.