Ҷоно, чӣ шуд, ки пурсиши ёрон намекунӣ
Ҷоно, чӣ шуд, ки пурсиши ёрон намекунӣ,
Дармони дарди синафигорон намекунӣ?
Доман зи қатраҳои сиришкам намекашӣ,
Ҳамчун гул эҳтироз зи борон намекунӣ.
Бар ман ҳазор теғи ҷафо рондиву хушам,
К-ин лутф бо яке зи ҳазорон намекунӣ.
Шерон ҳама шикори ғизолони шӯхи ту,
Ҷуз қасди сайди шер шикорон намекунӣ.
Эй гул, биханд хурраму хуш, гарчӣ раҳмате
Бар гиряҳои абри баҳорон намекунӣ.
Ҷоми май аст лаъли ту, лекин ба ҷуръае
З-он ҷом ёди бодагусорон намекунӣ.
Ҷомӣ, барой лоласифат хуш ба доғи дил,
Чун тарки ишқи лолагузорон намекунӣ.