Ҳар дам ба дидаи дигаре хона мекунӣ
Ҳар дам ба дидаи дигаре хона мекунӣ,
Ҳамхонагӣ ба мардуми бегона мекунӣ.
Дилро нишон ба зовияи ҳаҷр медиҳӣ,
Девонаро мақом ба вайрона мекунӣ.
Дастам гирифта ғутта диҳӣ дар хум, эй сипеҳр,
Чун хок қолибам гили паймона мекунӣ.
Эй шамъ, базми ҳусни туро гарм мекунад
Дилсӯзие, ки бар сари паймона мекунӣ.
Мепарварӣ зи гиря, дило, меҳри холи ӯ,
Аз файзи абр тарбияти дона мекунӣ.
Бикшо гиреҳ зи турраи мушкинаш, эй сабо,
То чанд ҷаъди сунбули тар шона мекунӣ.
Ҷомӣ, дигар ба мадраса рафтан вазифа нест,
Вақт аст, агар азимати майхона мекунӣ.