Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Аллаҳ-аллаҳ, чӣ шӯхдида касӣ

Аллаҳ-аллаҳ, чӣ шӯхдида касӣ, Ки ба фарёди ҳеҷ кас нарасӣ. Ман туро хоҳам аз ду оламу бас, К-аз ду олам ҳамин маро ту басӣ. Аз туам ҷуз ту орзуе нест, Анта мавло ва анта мултамасӣ . Чун най аз хештан тиҳӣ шудаам, Бо ту дорам ҳавои ҳамнафасӣ. Карда ишқи ту дар вилояти дил Рӯзҳо шаҳнагиву шаб асасӣ. Булбуло, нола кун аз фурқати гул, Ки гирифтор монда дар қафасӣ. Ҷомӣ, аз ишқи некӯвон бозой, Умр бигзашт, чанд булҳавасӣ.