Зиҳӣ аз хатти сабзат тоза расми фитнаангезӣ
Зиҳӣ аз хатти сабзат тоза расми фитнаангезӣ,
Зи теғи ғамзаат нав дамбадам ойини хунрезӣ.
Вазид аз кӯи ту боде, машоми ҷон муаттар шуд,
Зи зулфат мефишонӣ гард ё худ мушк мебезӣ?
Бувад пайванди ҷон омезиши ёрон, ту ин нукта
Чаро ҳаргиз наёмӯзиву бо ёрон наёмезӣ?
Шикори лоғарам, зорам бикуш, пеши сагон афган,
Набинам қадри он худро, ки аз фитрокам овезӣ.
Бувад маҷмӯаи ҳар фитна шакли қадди дилҷӯят,
Ҳазорон фитна бархезад, ту чун аз ҷой бархезӣ.
Гурезонам зи ҳар наздику дур, эй ҷон, барои ту,
Чӣ ҳол аст ин, ки чун бинӣ маро аз дур, бигрезӣ?
Зи ҳаҷ баргашта Ҷомӣ дар Хуросон рӯй кард, аммо
Раҳаш зад дар миёна ишваи хубони табрезӣ.