Маро бас бар сари майдони ушшоқ ин сарафрозӣ
Маро бас бар сари майдони ушшоқ ин сарафрозӣ,
Ки рӯзе пеши чавгонат кунам чун гӯй сарбозӣ.
Чу саҳро бар сари майдонат андозанд муштоқон,
Ҳама тан сар шавам чун гӯй аз шавқи сарандозӣ.
Бувад гӯё сарамро бо хами чавгони ту ҳоле,
Ба як чавгон чӣ бошад, гар ба ҳоли гӯй пардозӣ.
Дар ин майдони фирӯза барояд меҳри ҳаррӯза,
Ба шакли гӯи зар бошад, ба чавгонеш бинвозӣ.
Фалак мегӯяд аллоҳума салам аз қафои ту,
Чу рахши тезгом андар қафои гӯй метозӣ.
Ба танҳои фикан, гӯи, сарамро дар хами чавгон,
Дар ин майдон нахоҳам дигареро бо ту ин бозӣ.
Мукаҳҳал гашт чашми Ҷомӣ аз хоки суми аспаш,
Чу чашми анҷум аз гарди сипоҳи шоҳ Абдулғозӣ
Сипеҳри макрамат Султон Ҳусайн он к-аз дили равшан
Кунад бо офтоби маъдалат чун субҳ дамсозӣ.
Бақояш бод чандон к-андар ин кохи пуровоза
Кунад бо сури маҳшар навбати мулкаш ҳамовозӣ.