Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: фалсафӣ

Шеърҳои марбут ба теги «фалсафӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Фуруд омад аз ҷойгоҳи баланд

👁 18

Фуруд омад аз ҷойгоҳи баланд, Туро як кабӯтар басе арзҷманд. Бувад он кабӯтар туро он равон, Ки бошад ба зеру ба боло равон.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ҳақ ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҷумла бадан

👁 39

Ҳақ ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҷумла бадан, Аҷносу малоӣка ҳавоси ин тан. Аҷром аносиру маволид аъзо, Тавҳид ҳамин асту дигарҳо ҳама фан.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ушшоқ баромаданд перомани гул

👁 12

Ушшоқ баромаданд перомани гул, Якбора заданд даст дар домани гул. В-азбаски ҳамекашанд пиромани гул, Он гаҳ ба ҳазор шох шуд бар тани гул.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр

👁 21

Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр, В-овард замона тоқӣ сармояи умр. Аз мӯйи сапедам сари пистони умед, Бингар, ки сиёҳ мекунад дояи умр.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард

👁 27

З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард, Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ х(в)ард. Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре, Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард?!

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Бингар зи ҷаҳон чӣ тарф барбастам

👁 15

Бингар зи ҷаҳон чӣ тарф барбастам? – Ҳеҷ. В-аз ҳосили айём чӣ дар дастам? – Ҳеҷ. Шамъӣ тарабам гир, чу биншастам, ҳеҷ. Худ ҷоми Ҷамам гир, чу бишкастам, ҳеҷ.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Рӯзаке чанд дар ҷаҳон будам

👁 19

Рӯзаке чанд дар ҷаҳон будам, Бар сари хоку бод паймудам. Соате лутфу лаҳзае дар қаҳр, Ҷони покизаро биёлудам.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард

👁 36

Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард, К-аз он шаш бувад марги озода фард. Ҳасад бурдану сифлагию дурӯғ, Намудан ниёзу заъифию дард.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Панди ҳаким

👁 19

Тандурустӣ гавҳари нодири умр аст, Ҳикмат чароғи ҳар дили пурнур аст. Ҷону тани инсон ба дониш зинда, Беилм ҷаҳон барои ӯ ранҷур аст.

Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино