Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард
Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард,
К-аз он шаш бувад марги озода фард.
Ҳасад бурдану сифлагию дурӯғ,
Намудан ниёзу заъифию дард.
Чу неъмат бувад, даст бар дӯстон,
Бибояд кушудан ба доду ба хард.
Чу шиддат бувад, роз пайдо макун,
Биҳил, то шавад рӯят аз дард зард.
Суоле наарзад саросар ҷаҳон,
Чу фарҷом бошад яке оҳи сард.
Аҷал нардбоз асту мо муҳраем,
Фалак каъбатайну ҷаҳон тахти нард.