Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Агар дил аз ғами дунё ҷудо тавонӣ кард

Агар дил аз ғами дунё ҷудо тавонӣ кард, Нишоту айш ба дори бақо тавонӣ кард. В-агар ба оҳи риёзат бароварӣ нафасе, Ҳама қудурати дилро сафо тавонӣ кард. Зи манзилоти ҳавас гар бурун ниҳӣ гоме, Нузул дар ҳарами кибриё тавонӣ кард. В-агар зи ҳастии худ бигзарӣ, яқин медон, Ки аршу фарши фалак зери по тавонӣ кард. Валекин ин амали раҳравони чолок аст, Ту нозанини ҷаҳонӣ, куҷо тавонӣ кард? На дасту пойи амалро фурӯ тавонӣ баст, На рангу бӯйи ҷаҳонро раҳо тавонӣ кард. Чу Бӯалӣ бибур аз халқу гӯшае бигрез, Магар, ки хӯи дил аз халқ во тавонӣ кард.