Фуруд омад аз ҷойгоҳи баланд
Фуруд омад аз ҷойгоҳи баланд,
Туро як кабӯтар басе арзҷманд.
Бувад он кабӯтар туро он равон,
Ки бошад ба зеру ба боло равон.
Зи чашми хирадманд пӯшидааст,
Ба пайдои чеҳра кӯшидааст.
Зи гавҳар бувад пок з-омезҳо,
Вале ҳаст дар ӯ ҳама чизҳо.
Расидаш ба ту назди ӯ нописанд,
Зи дурии ту низ зору нажанд.
Чу дидат ба гавҳар, ки бегонаӣ,
Вале баҳри ӯ беҳтарин хонаӣ.
Нахуст ӯ зи вайронии тан рамид,
Сипас меҳри ҳамсоягӣ баргузид.
Чу ӯ гавҳаре буд пероста,
Вале хост, то гардад ороста.
Гумонам, ки паймонҳои нахуст
Фаромӯш карда ба он хӯи суст.
Басе ҷойгоҳҳо, ки дода зи даст,
Насозад аз онҳо ба чизе, ки ҳаст.
Чу пайваста бо пасттарин пойгоҳ,
Пас аз буд дар номвар ҷойгоҳ.
Дар ин ҷо ҳама нохушию ниёз,
Дар он ҷо ҳама фарруҳию фароз.
Биёмехт бар ӯ ниёзи манаш,
Зи андому нерӯву банду бунаш.