Нӯшидани бисёрро одат магиру гӯш кун
Нӯшидани бисёрро одат магиру гӯш кун:
Аз бода қонеъ шав ба кам, гоҳею андаран нӯш кун.
Гулрангу рухафрӯз май ҳар рӯз хуш бошад ба кас,
Аммо гурусна гар туӣ, нӯшиданаш манмо ҳавас.
Парҳез аз соғаркашӣ, хӯрдӣ таоми нарм агар,
Баъди ғизои гарм ҳам нӯшиданӣ дорад зарар.
Пайваста бар каф ҷомро бигрифтанат набвад раво,
Сархуш ба моҳе як карат бошӣ, кифоят мар туро.