Ин манозил ёди онҳоро намесозӣ магар?
Ин манозил ёди онҳоро намесозӣ магар?
Ҷояшон шуд маҳв бар тарзе, ки нашносӣ дигар.
Солҳо шустанд асарҳои манозилро тамом,
Ончунон ки дида рухро шуст аз хуни ҷигар.
Нест гаштанд он асарҳо, ҳам ҷавониҳои ман,
Ин сафедии гулу мӯ кард бар ҳар ду зафар.
Омад аз пирӣ нишона — ранги байзоӣ ба риш,
Аз бадӣ тарсонда мегӯяд: «Зи бад кун ҳазар!»
«Ранг бинмо риши худ» — гуфтанд; гуфтам: «Хуб нест,
Мӯсафеду мӯсиёҳро марг кай созад назар?»