Шавам девона з-он чизе, ки аксар дорамаш пинҳон
Шавам девона з-он чизе, ки аксар дорамаш пинҳон,
Ҳар он чизе, ки мебинам, на ҷин мебинаду инсон.
Гирифтори ҳалокатҳо шудам з-ин корҳо охир,
Кадомин як сипар тоқат кунад бар зидди бадгӯён!
Бахилоне муҷовирҳои ман ҳастанд, пиндорӣ,
Ба сутухони макида ҳам хасисӣ мекунанд онон.
Хирад рад мекунад ҳар тири ҳуҷҷатро, ки меоранд,
Ба ҳалли мушкиле гар аз масоил мешавад туғён.
Агар коре шавад пайдо, ки душвор аст ҳалли вай,
Намебинӣ яке аз муддаъиёнро дар он майдон.