Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст
Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,
Шодии ӯ ба ҷойи темор аст.
Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст!
Гардиши ӯ на хубу чеҳраш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст!