Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ба саройи сипанҷ меҳмонро

Ба саройи сипанҷ меҳмонро, Дил ниҳодан ҳамешагӣ на равост. Зери хок андарун-т бояд хуфт, Гарчи акнун-т хоб бар дебост. Бо касон буданат чӣ суд кунад, Ки ба гӯр андарун шудан танҳоcт! Ёри ту зери хок мӯру магас, Ба далели он ки гесуват пирост. Он ки зулфину гесуват пирост, Гарчи динор ё дирам-ш бахост, Чун туро дид зардгуна шуда, Сард гардад дилаш, на нобиноcт.