Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

Гуфтор дар офариниши олам

Зи оғоз бояд, ки донӣ дуруст, Сари мояи гавҳарон аз нахуст. Ки Яздон зи ночиз чиз офарид Бад-он, то тавоноӣ омад падид. В-аз ӯ мояи гавҳар омад чаҳор, Бароварда бе ранҷу бе рӯзгор. Яке оташе баршуда тобнок, Миён боду об аз бари тирахок. Нахустин, ки оташ зи ҷунбиш дамид, Зи гармиш пас хушкӣ омад падид. В-аз он пас зи ором сардӣ намуд, Зи сардӣ ҳамон боз таррӣ фузуд. Чу ин чор гавҳар ба ҷой омаданд, Зи баҳри сипанҷӣ сарой омаданд. Гуҳарҳо як андар дигар сохта, Зи ҳар гуна гардан барафрохта. Зи оғоз бояд, ки донӣ дуруст, Сари мояи гавҳарон аз нахуст. Ки Яздон зи ночиз чиз офарид Бад-он, то тавоноӣ омад падид. В-аз ӯ мояи гавҳар омад чаҳор, Бароварда бе ранҷу бе рӯзгор. Яке оташе баршуда тобнок, Миён боду об аз бари тирахок. Нахустин, ки оташ зи ҷунбиш дамид, Зи гармиш пас хушкӣ омад падид. В-аз он пас зи ором сардӣ намуд, Зи сардӣ ҳамон боз таррӣ фузуд. Чу ин чор гавҳар ба ҷой омаданд, Зи баҳри сипанҷӣ сарой омаданд. Гуҳарҳо як андар дигар сохта, Зи ҳар гуна гардан барафрохта. Падид омад ин гунбади тезрав, Шигифтинамояндаи нав ба нав. Абар доҳу ду ҳафт шуд кадхудой, Гирифтанд ҳар кас сазовор ҷой. Дар ӯ бахшишу дод омад падид, Бубахшид донандаро, чун сазид.