Гуфтор андар офариниши мардум
Чу з-ин бигзарӣ, мардум омад падид,
Шуд ин бандҳоро саросар калид.
Сараш рост бар шуд чу сарви баланд,
Ба гуфтори хубу хирад корбанд,
Пазирандаи ҳушу рою хирад,
Мар ӯро даду дом фармон барад.
Зи роҳи хирад бингарӣ андаке,
Ки маънии мардум чӣ бошад, яке.
Магар мардумӣ хира донӣ ҳаме,
Ҷуз инро надонӣ нишоне ҳаме.
Туро аз ду гетӣ баровардаанд,
Ба чандин миёнҷӣ бипарвардаанд.
Нахустини фитрат, пасини шумор
Туӣ, хештанро ба бозӣ мадор!
Шунидам зи доно дигаргуна з-ин
Чӣ донем рози ҷаҳонофарин.
Нигаҳ кун, саранҷоми худро бубин,
Чу коре биёбӣ, беҳӣ баргузин!
Ба ранҷ-андар орӣ танатро, равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост.
Чу хоҳӣ, ки ёбӣ зи ҳар бад раҳо,
Сар андарнаёрӣ ба доми бало!
Бувӣ, дар ду гетӣ зи бад растагор,
Накӯкор гардӣ бари кирдгор.
Нигаҳ кун аз ин гунбади тезгард,
Ки дармон аз ӯясту з-ӯяст дард.
На гашти замона бифарсоядаш,
На ин ранҷу тимор бигзоядаш.
На аз ҷунбиш ором гирад ҳаме,
На чун мо табоҳӣ пазирад ҳаме.
Аз ӯ дон фузунӣ, аз ӯ дон шумор,
Баду нек наздики ӯ ошкор.