Гуфтор андар офариниши офтоб
Зи ёқути сурх аст чархи кабуд,
На аз боду обу на аз гарду дуд.
Ба чандон фурӯғу ба чандон чароғ
Биёроста чун ба Наврӯз боғ.
Равон андар ӯ гавҳари дилфурӯз,
К-аз ӯ равшаноӣ гирифтаст рӯз.
Ки ҳар бомдоде чу заррин сипар,
Зи Машриқ барорад фурӯзанда сар.
Замин пӯшад аз нур пироҳано,
Шавад тиратегӣ бад-ӯ равшано!
Чу аз Машриқ ӯ сӯи Ховар кашад,
Зи Машриқ шаби тира сар баркашад.
Нагиранд мар якдигарро гузар,
Набошад аз ин як равиш росттар.
Аё, он ки ту офтобӣ ҳаме,
Чӣ будат, ки бар ман натобӣ ҳаме?