Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуалӣ ибни Сино
Абуалӣ ибни Сино

Ғизои рӯҳ бувад бодаи рақиқ, алҳақ

Ғизои рӯҳ бувад бодаи рақиқ, алҳақ, Ки ранги ӯ кунад аз дур ранги гулро дақ. Ба ранг занг зудояд зи ҷони андӯҳгин, Ҳумой гардад, агар ҷуръае бинӯшад бақ. Чу дарчакад ба миёни қадаҳ зи ҳалқи сабӯҳ, Ба лаҳни борбадӣ хуштар ояд он бақ-бақ. Ба таъм талх чу панди падар, валек муфид, Ба пеши мубтил ботил, ба назди доно ҳақ. Май аз ҷаҳолати ҷуҳҳол шуд ба шаръ ҳаром, Чу маҳ, ки аз сабаби мункирони дин шуд шақ. Ҳалол гашта ба фатвои ақл бар доно, Ҳаром гашта ба аҳкоми шаръ бар аҳмақ. Шаробро чӣ гунаҳ, з-он ки аблаҳе нӯшад, Забон ба ҳарза кушояд, диҳад зи даст варақ?! Ҳалол бар уқалову ҳаром бар ҷуҳҳол, Ки май маҳак буваду хайру шарр аз ӯ муштақ. Ғуломи он майи софам, ки аз рухи хубон, Ба як-ду ҷуръа барорад ҳазор гуна арақ. Чу Бӯалӣ, майи ноб ар хӯрӣ ҳакимона, Ба ҳаққи ҳақ, ки вуҷудиат ба Ҳақ шавад мулҳақ.