Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳайф аст, кашад саъйи дигар бодакашонро

Ҳайф аст, кашад саъйи дигар бодакашонро, Ёрон, ба хати ҷом бибандед миёнро. Мо софдилон саршикани табъи дуруштем, Бар санг тараҳҳум набувад шишагаронро. Ҳасрат ҳама дам сайди хами қомати пирист, Гул дар бари хамёза бувад шохи камонро. Ғафлат зи сарам боз нагардад, ки чу гавҳар Бо дида гиреҳ сохтаам хоби гаронро. Олам ҳама ёр аст, ту маҳҷуби хаёлӣ, Банд аз мижа бардор, яқин соз гумонро. Осударавон ҷодаи ташвиш надоранд, Манзил талабӣ, тарк макун забти инонро. Мову саҳар аз як ҷигари чок дамидем, Оҳе накашидем, ки нагрифт ҷаҳонро. Дидорпарастем, мапурс аз раму ором, Парвоз нигоҳ аст таҳайюрқафасонро. Дил ҷамъ кун, аз кашмакаши даҳр бурун о, К-ин баҳр дар оғӯши гуҳар рехт каронро. Гардун ҳама парвозу замин ҷумла ғубор аст, Манзил бинамоед иқоматталабонро. Сармоя чу субҳ аз ду нафас беш надоред, Беҳуда бар ин ҷинс мачинед дуконро. Бедил зи нафасҳо равиши умр аён аст, Нақши қадам аз мавҷ бувад оби равонро.