Ҳайф, к-аз ифлос навмедӣ фазояд мардро
Ҳайф, к-аз ифлос навмедӣ фазояд мардро,
Даст агар кӯтоҳ шуд, бар дил нашояд мардро.
Аз таназзулҳост, гар дар олами озодагӣ
Чини пешонӣ ба ёди доман ояд мардро.
Чун табақҳои занон гулкарда гир осори нанг,
Дар фусӯси молу зар гар даст сояд мардро.
Ҷадвали обу хиёбони чаман манзури кист?
Захми майдонҳо кашад, то дил кушояд мардро.
Як тағофул мекунад саркӯбии сад кӯҳсор,
Дар сухан мебояд аз ҷо дарнаёяд мардро.
Домани Рустам таконад бар сари ин ҳафт хон
Дасти ғайрат, то ғубор аз дил зудояд мардро.
Дар мизоҷи дона омодаст таъсири замин,
Ҳез кам пайдо шавад, гар зан назояд мардро.
Ногузири рағбати иқбол бояд зистан,
Ҷоҳи дунё сурати зан менамояд мардро.
Ҷавҳари ғайрат дар ин майдон намемонад ниҳон,
Теғ мегардад забону меситояд мардро.
Гар зи симу зар вафо хоҳӣ, ба хиссат ҷаҳд кун,
Қаҳба маҳкум аст аз имсоке, ки пояд мардро.
Бедил, ин дунё на имрӯз имтиҳонгаоҳ асту бас,
То ҷаҳон боқист, зан меозмояд мардро.