Чу ашк он кас, ки мечинад гули айш аз тапиданҳо
Чу ашк он кас, ки мечинад гули айш аз тапиданҳо,
Бувад дилтанг, агар гавҳар шавад аз орамиданҳо.
Зи бас ом аст дар ваҳшатсарои даҳр бетобӣ,
Дили ҳар зарра дорад дар қафас чандин тапиданҳо.
Маҷӯ овозаи шуҳрат зи оҳанги сабукрӯҳон,
Садои боли мурғи ранг набвад дар париданҳо.
Нигаҳ дар дидаи ҳайрони мо шӯхӣ намедонад,
Ба ранги чашми шабнам дурди ин миност диданҳо.
Дуто кардем охир хешро дар хидмати пирӣ,
Расонидем бори зиндагонӣ то хамиданҳо.
Зи равнақ боз мемонад, чу мино шуд зи май холӣ,
Шикасти ранг зоҳир мешавад дар хун кашиданҳо.
Маро аз печутоби гирдбод ин нукта шуд равшан,
Ки дар роҳи талаб меъроҷи домон аст чиданҳо.
Зи қатъи улфати дилҳо ҳасуд осуда наншинад,
Шавад хамёзаи миқроз афзун дар буриданҳо.
Гудози дарди навмедӣ тамошое дигар дорад,
Ба ранги ашки носурам назарбози чакиданҳо.
Ҳубоб аз мавҷ ҳаргиз сарфаи тоқат намебинад,
Зи боли мо гиреҳ во мекунад охир тапиданҳо.
Зи ҳастӣ гар бурун тозӣ, адам дар пеш меояд,
Дар ин водӣ мақоме нест ғайр аз норасиданҳо.
Маҷӯ аз тифлхӯён фитрати озодагон, Бедил,
Ба парвози нигаҳ кай мерасад ашк аз давиданҳо?