Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Чандин димоғ дорад иқболи чоҳи мино

Чандин димоғ дорад иқболи чоҳи мино, Бар арш метавон чид аз дастгоҳи мино. Растан зи ҷаври гардун бе майкашӣ муҳол аст, Дуздидаам зи мино сар дар паноҳи мино. Даври фалак ҷунун кард, моро хиҷил баровард, Бар худ зи шарм бастем охир гуноҳи мино. То май расад ба соғар, бар ҳуши мо ҷунун зад, Юсуф парӣ баромад имшаб зи чоҳи мино. Зоҳид, ба базми мастон дигар ту чеҳра манмо, Шабҳои ҷумъа кам нест рӯзи сиёҳи мино? Бо ин дуруштхӯён бечора дил чӣ созад? Умрест бар сари кӯҳ афтода роҳи мино. Дилҳо пур аст, бо ҳам гар ҳарфу савт дорем, Қулқул дар ин мақом аст яксар гувоҳи мино. Бо дастгоҳи ишрат пур тавъам аст кулфат, Чашми таре нишастаст бар қоҳ-қоҳи мино. Шарми хумору мастӣ хун гашту сар наяфрохт, Охир нигун баромад аз сина оҳи мино. Нозукдилони ин базм омодаи шикастанд, Аз вазъи пунба, зинҳор, машкан кулоҳи мино. Поси риояти дил осон магир, Бедил, Бо ҳар нафас ҳисобест дар коргоҳи мино.