То ба кай дар парда дорам оҳи бетаъсирро?
То ба кай дар парда дорам оҳи бетаъсирро?
Аз видоъи орзу пар медиҳам ин тирро.
Кулбаи Маҷнун, чу саҳро аз иморат фориғ аст,
Бому дар ҳоҷат набошад хонаи занҷирро.
Ранги зарди мо иёри қудрати ишқ асту бас,
Ин тило бепарда дорад ҷавҳари иксирро.
Мо таҳайюрпешагонро изтиробе дигар аст,
Пар задан дар ранг хун шуд бисмили тасвирро.
Осмон бо он каҷӣ шамъи бисоташ ростист,
Ҳалқаи чашми камон наззора донад тирро.
Кӯшиши бедаступоён аз асар навмед нест,
Интизори дом охир мекашад нахчирро.
Ҷисми кулфатхез дар зиндони таъмират гудохт,
Аз шикастан қуфл кун ин хонаи дилгирро.
Арзи ҳастӣ дар хумори инфиол афтодан аст,
Гардиши ранг аст соғар маҷлиси тақсирро.
Бисмили мо баски аз завқи шаҳодат метапад,
Теғи қотил мешуморад фурсати такбирро.
Ваҳшати Маҷнуни моро чора натвон ёфтан,
Ҳалқа кард андешаи забти садо занҷирро.
Нест дар бедории мавҳуми мо беҳосилон
Он қадар хобе, ки кас заҳмат диҳад таъбирро.
Пӯшиши ҳол аст, Бедил, сози ҳифзи обрӯ,
Бениёмӣ мекунад беҷавҳар ин шамшерро.