Пеши тавонгар манишон паҳлӯи лоғар макушо
Пеши тавонгар манишон паҳлӯи лоғар макушо,
Даст ба ҳар даст мадеҳ, чашм ба ҳар дар макушо.
То зи яқинат ба гумон чашм напӯшанд хасон,
Банди ниқоби саҳарат дар сафи шабпар макушо.
Ҳиммати тамкинназарат нест кам аз мавҷи гуҳар,
Ҷайби ҳаё то надарӣ, хок шаву пар макушо.
То нафитад шамъсифат оташи ғорат ба сарат,
Дар бари маҳфил зи миёнат камари зар макушо.
Оби рухи кас наравад ҷуз ба тақозои ҳавас,
Шиша тиҳӣ гир зи май ё лаби соғар макушо.
Гар ба худ афтад нигаҳат, пашм надорад кулаҳат
Нанги калӣ то накашӣ, дар ҳама ҷо сар макушо.
Лаб ба ҳам ор аз манумо, ваъзу баён пур масаро,
Пушту рухи ин ду варақ таҳ куну дафтар макушо.
Мотами ҳам дар назар аст анҷумани ибрати мо,
Чашме агар боз кунӣ, бе мижаи тар макушо.
Эй нафасат субҳи азал, бо абадат чист ҷадал?
Як сарат аз ришта бас аст, он сари дигар макушо.
Бедил, аз оинаи мо ғайри адаб гул накунад,
Хуни таҳайюр ба хаёл аз раги ҷавҳар макушо.