Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Пеши он чашми сухангӯ мавҷи май дар ҷомҳо

Пеши он чашми сухангӯ мавҷи май дар ҷомҳо Чун забони хомушон печида сар дар комҳо. Ранги хубиро зи чашми ӯ саботе дигар аст, Равғани тасвир дорад ҳусн аз ин бодомҳо. Мавҷи дарёро тапидан рақси айши зиндагист, Бисмили ӯро ба беоромӣ аст оромҳо. Аз мазоқи ноз агар ғофил набошад коми шавқ, Метавон сад бӯса лаззат бурдан аз дашномҳо. Чун хати паргор, агар мақсад далели аҷз нест, Пойи оғоз аз чӣ мебӯсад сари анҷомҳо? Аз гирифтории мо бо ишқ зебе дигар аст, Боли мурғон мешавад мижгони чашми домҳо. Шуҳраи олам шудан мушкил бувад бе дарди сар, Рӯзу шаб чин бар ҷабин дорад нигин аз номҳо. Сахт душвор аст қатъи роҳи иқлими адам, Ҳамчу пайки умр бояд аз нафас зад гомҳо. Мақсади ваҳшатхиромони нафас фаҳмиданист, Бе суроғе нестанд ин бӯйигулэҳромҳо. Нашъаи айше ки дорад ин чаман, хамёза аст, Бар пари товус мебандам бароти ҷомҳо. Ҳеҷ кас дар олами иқбол фориғбол нест, Рахш натвон тохтан, Бедил, ба пушти бомҳо.