Поси кори худ набошад соҳиби тадбирро
Поси кори худ набошад соҳиби тадбирро,
Даст бар қайди садо мушкил бувад занҷирро.
Нафъ з-ин бозор натвон бурд бе ҷинси фиреб,
Эй ки судандешаӣ, сармоя кун тазвирро.
Нест осон роҳ бар қасри иҷобат ёфтан,
Эҳтиёте кун каманди нолаи шабгирро.
Содадил аз кибри дониш туршрӯӣ мекашад,
Ҷавҳар ин ҷо чини абрӯ мешавад шамшерро.
Бенавоӣ бин, ки дар ҳамрозии дарси ҷунун
Сурма шуд бахти сиёҳам ҳалқаи занҷирро.
Дар биёбони таҳайюр нам зи чашми мо махоҳ,
Бениёз аз ашк медон дидаи тасвирро.
Вазъи мардум ғафлати моро қависармоя кард,
Хоби мо афсона фаҳмид он ҳама таъбирро.
Дар муҳаббат доғдори кӯшиши беҳосилам,
Барқи оҳи ман намесӯзад магар таъсирро.
Нақши ҳастӣ сархати лавҳи хаёле беш нест,
Ҳам ба чашми баста бояд хонд ин таҳрирро.
Нағмаи қонуни ваҳдат бар ту нозишҳо кунад,
Гар ба ранги тори соз аз бам надонӣ зерро.
Он қадар яъсам шикаст охир, ки чун бунёди ранг
Қатъ кард обу гили ман улфати таъмирро.
Ростбозонро зи ҳукми каҷсириштон чора нест,
Бо камон, Бедил, итоат лозим омад тирро.