Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Биё, ки ҷоми мурувват диҳем ҳавсаларо

Биё, ки ҷоми мурувват диҳем ҳавсаларо, Ба сояи кафи по парварем обиларо. Ба водие, ки тааллуқ далели кӯшишҳост, Зи бори дил ба замин хуфта гир қофиларо. Зи соҳиби амал озодагӣ чӣ имкон аст? Дар ин бисот гаронхезиест ҳомиларо. Зи инқилоби ҳаводис бузурге эмин нест, Ба табъи куҳ асар афзунтар аст зилзиларо. Муҳаббат аз ману ту ранги имтиёз гудохт, Тарию об сазовор нест фосиларо. Ба каҷадоии ҳусни тағофулат нозам, Ки ёди ӯ кулаҳи ноз мекунад гиларо. Чу субҳ, як-ду нафас муғтанам шумар, Бедил, Макун далели қиёмат чу зоҳидон чиларо.