Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Биё, хуршеди маъниро бибин аз равзани мино

Биё, хуршеди маъниро бибин аз равзани мино, Ки ёди субҳи содиқ медиҳад хандидани мино. Зи зуҳди хушки зоҳид нест боке сайри мастонро, Ки эмин аз хазон бошад баҳори гулшани мино. Зи номи май забонам масту бехуд дар даҳон афтад, Нигоҳам ранги май пайдо кунад аз дидани мино. Масеҳи вақт агар кас бодаро хонад, аҷаб набвад, Ки ҳар дам бода ҷони тоза бахшад дар тани мино. Саломат якқалам дар маркази санг аст, агар донӣ, Шикасти яъс мепечад ба худ болидани мино. Видоъи маъният аз лаб кушуданҳост, эй ғофил, Парӣ гардад парешон охир аз хандидани мино. Сиришти мову мино, гӯӣ, аз як хок шуд, Бедил Ки моро дил ба тан механдад аз хандидани мино.