Бувад сармашқи дарси хомушӣ борикбиниҳо
Бувад сармашқи дарси хомушӣ борикбиниҳо,
Зи мӯ ангушти ҳайронӣ ба лаб доранд чиниҳо.
Маро аз заъфи парвоз аст қайди ошён, варна,
Нафас гирам чу бӯйи ғунча аз хилватгузиниҳо.
Ниёзи ман уруҷи нашъаи нозе дигар дорад,
Сипеҳровозаам бар остонат аз заминиҳо.
Дили раморзу мушкил шавад маҳбуси навмедӣ,
Ки санг ин ҷо шарар мегардад аз ваҳшаткаминиҳо.
Нафас дуздиданам шуд боиси ҷамъияти хотир,
Ба дом афтод сайди матлабам аз домчиниҳо.
Ғубори фақр занги саркаширо мешавад сайқал,
Сиёҳӣ мебарад аз шуъла хокистарнишиниҳо.
Ба шӯхӣ омад аз бедастгоҳӣ эҳтиёҷи ман,
Дарозӣ кард даст охир зи кӯтаҳостиниҳо.
Хурӯши аҳли ҷоҳ аз хиффати идрок мебошад,
Тунукзарфист яксар иллати фарёди чиниҳо.
Тариқи дилрабоӣ як ҷаҳон найранг мехоҳад,
Ба ҳусни маҳз натвон пеш бурдан нозаниниҳо.
Магар аз фикри уқбо бозгардам, то ба хеш оям,
Ки аз худ сахт дур афтодаам аз пешбиниҳо.
Дуто гаштем дар андешаи як саҷда пешонӣ,
Ба роҳи дӯст хотам кард моро бенигиниҳо.
Дами теғ аст, Бедил, роҳи борики сухансанҷӣ,
Забони хома ҳам шақ дорад аз ҳарфофариниҳо.