Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Буд бемағз сари тундхурӯши мино,

Буд бемағз сари тундхурӯши мино, Имшаб аз бода ба ҷо омада ҳуши мино. Вақти он шуд, ки ба дарюза шавад сархуши ноз Косаи доғи ман аз пунбаи гӯши мино. Зиндагӣ гардани моро ба хами аҷз кашид, Бода зуннори вафо баст ба дӯши мино. То нафас ҳаст, ба дил замзамаи шавқ расост, Кам насозад асари бода хурӯши мино. Эй қадаҳ, гӯш шаву муждаи мастӣ дарёб, Гарми лутфест кунун лаъли хамӯши мино. Мекашад ҷилваи лаъли ту ба кайфияти май Оби ҳасрат зи лаби хандафурӯши мино. Чашму дил зеби гирифтории савдои ҳаманд, Хатти ҷом аст ҳамон ҳалқаи гӯши мино. Ҳама ҷо ҷилвафурӯш аст дил, аз дида мапурс, Ҷоми ин базм нуҳуфтанд ба ҷӯши мино. Қулқуле роҳзани гӯш шуду ҳуш намонд, В-арна сад ранг наво дошт хурӯши мино. Дили ушшоқ зи офат натавон бозхарид, Парфишон аст шикаст аз бару дӯши мино. Бедил, андар қадаҳи бода назар кун ба ҳубоб, То чӣ дорад нафаси обилапӯши мино.