Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба шабнаме субҳи ин гулистон нишонд ҷӯши ғубори худро

Ба шабнаме субҳи ин гулистон нишонд ҷӯши ғубори худро, Арақ чу селоб аз ҷабин рафту мо накардем кори худро. Зи поси номуси нотавонӣ чу сояам ногузири тоқат, Ки ҳар чӣ з-ин корвон гарон шуд, ба дӯшам афканд бори худро. Агар дилат занги кин зудояд, хилофи хулқат ба пеш н-ояд, Сафои оина шарм дорад, ки хурда гирад дучори худро. Ба умри мавҳум фикри фурсат фузуд сад бешу кам зи ғафлат, Ту гар иёри амал нагирӣ, нафас чӣ донад шумори худро? Қадам ба сад дашту дар кушодӣ, зи нола дар гӯшҳо фитодӣ, Инон ба забти нафас надодӣ табиати найсавори худро. Зи шарми ҳастӣ қадаҳ нигун кун, димоғи мастӣ ба ваҳм хун кун, Ту, эй ҳубоб, аз тараб чӣ дорӣ? Пур аз адам кун канори худро. Баландии сар ба ҷайби пастӣ шуд эътибори ҷаҳони ҳастӣ, Чароғи ин базм то саҳаргоҳ зинда дорад мазори худро. Ту шахси озоди парфишонӣ, қиёмат аст ин, ки ғунча монӣ, Фусурд худдорият ба ранге, ки санг кардӣ шарори худро. Ба хеш агар чашм мекушудӣ, чу мавҷи дарё, гиреҳ набудӣ, Чӣ сеҳр кард орзуи гавҳар, ки ғунча кардӣ баҳори худро? Видоъи ороиши нигин кун, зи шарм домони ҳирс чин кун, Мазан ба санг аз ҷунуни шуҳрат чу номи анқо виқори худро. Бадар зан аз муддао чу Бедил, зи улфати ваҳми пуч бигсил, Ба остони умеди ботил хиҷил макун интизори худро.