Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ба даъват ҳам касеро кас намегӯяд: биё ин ҷо

Ба даъват ҳам касеро кас намегӯяд: биё ин ҷо, Салои нон шикастан гашт бонги осиё ин ҷо. Агар бо ин нигуниҳост хони ҷуд сарпӯшаш, Зи вазъи тоҷ бар кашкӯл мегиряд гадо ин ҷо. Фалак дар хок пинҳон кард яксар сурати одам, Мусаввир гардае мехоҳад аз мардумгиё ин ҷо. Иёри рабти улфат дигар аз ёрон кӣ мегирад? Сару гардан чу ҷому шиша аст аз ҳам ҷудо ин ҷо. Ҷаҳон номунфаил гул кард, асар ҳам мавқеъе дорад, Арақворе ба рӯйи кас намешошад ҳаё ин ҷо. Зи бемағзӣ шукӯҳи салтанат шуд нанги канносӣ, Ба ҷойи устухон гуҳ хурда мегардад ҳумо ин ҷо. Кӣ меорад паёми дӯстони рафта з-ин маҳфил? Магар аз нақши пое бишнавем овози по ин ҷо. Ғубори субҳ дидӣ, шарм дор аз сайри ин гулшан, Зи ибрат хок бар сар карда меояд ҳаво ин ҷо. Агар дар табъи ғайрат нанги изҳори ғараз бошад, Кафи по мекунад саркӯбии дасти дуо ин ҷо. Тараб умрест бо сози кудурат барнамеояд, Сиёҳӣ пештоз афтод аз ранги ҳино ин ҷо. Равам, дар кунҷи танҳоӣ замоне вокашам, Бедил, Ки аз дилҳои пур дар базми суҳбат нест ҷо ин ҷо.