Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бар тоқ неҳ табахтури ҷоҳу ҷалолро

Бар тоқ неҳ табахтури ҷоҳу ҷалолро, Чинӣ салом кард ба як мӯ сафолро. Олам зи дастгоҳи бақо туъмаи фаност, Чун шамъ реша мехурад ин ҷо ниҳолро. Пур гаштану тиҳӣ шудан аз хеш оламест, Оина кун уруҷу нузули ҳилолро. Бар шишаҳои соат агар ворасидаӣ, Дарёб гарди қофилаи моҳу солро. Маҳкуми ҳирсу поси маротиб – чӣ мумкин аст? Бо шарм кор нест забони суолро. Тасвири ҳусну қубҳи ҷаҳон то кашидаанд, Бар ранг дидаанд муқаддам зуголро. Ёрон, дар ин чаман ба такаллуф тараб кунед, Ин ҷо ҳизоб ҳам шаби идест золро. Товуси мо агар на парафшони нози ӯст, Ранги паридаи кӣ чаман кард болро? Дар дарсгоҳи сунъ зи таътили мо мапурс, Бо шуғли хома нисбати хушкест нолро. Маҳ шуд ҳазор бор ҳилолу ҳилол бадр, Дидем вазъи олами нақсу камолро. Хоро ҳарифи саъйи заифон намешавад, Сад кӯча аст дар буни дандон хилолро. Шояд хате ба нам расад аз лавҳи сарнавишт, Ҷаҳдест бо ҷабин арақи инфиолро. Бедил, ба сурма нисбати ҳар кас дуруст нест, Мижгон шумурдан аст забонҳои лолро.