Ба меҳри модари гетӣ макаш ранҷи умед ин ҷо
Ба меҳри модари гетӣ макаш ранҷи умед ин ҷо,
Ки хунҳо мехурад, то шир мегардад сафед ин ҷо.
Муқими норасоӣ бош пеш аз хок гардидан,
Ки саъйи ҳар ду олам чун арақ хоҳад чакид ин ҷо.
Муҳит аз ҷунбиши ҳар қатра сад тӯфон ҷунун дорад,
Шикасти ранги имкон буд, агар як дил тапид ин ҷо.
Гудози нестӣ аз интизорам барнамеорад,
Зи хокистар шудан гул мекунад чашми сафед ин ҷо.
Зи сози улфатоҳанги адам дар пардаи гӯшам
Навое мерасад, к-аз бехудӣ натвон шунид ин ҷо.
Дар ин меҳнатсаро оинаи ашки ятимонам,
Ки дар бедаступоӣ ҳам маро бояд давид ин ҷо.
Кабоби хомсӯзи оташи ҳасрат диле дорам,
Ки ҳар ҷо бенавое сӯхт, дудаш сар кашид ин ҷо.
Ниёзи саркашони ҳусн ошӯбе дигар дорад,
Камингоҳи тағофул шуд, агар абрӯ хамид ин ҷо.
Тапишҳои нафас аз пардаи таҳқиқ мегӯяд,
Ки то аз худ асар дорӣ, нахоҳӣ орамид ин ҷо.
Баланд аст онқадарҳо ошёни аҷзи мо, Бедил,
Ки бе саъйи шикасти болу пар натвон расид ин ҷо.