Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Баҳр мепечад ба мавҷ аз ашки ғампарварди мо

Баҳр мепечад ба мавҷ аз ашки ғампарварди мо, Чарх мегардад дуто дар фикри бори дарди мо. Гар ба майдони риёзат каҳрабо даъвӣ кунад, Коҳ гирад дар даҳан аз шарми ранги зарди мо. Дур набвад, гар камони сайди дилҳо зеҳ кунад, Ҳамадои абруйи нозест байти фарди мо. Медиҳад бӯйи гиребони саҳар мавҷи насим, Метавон донист ҳоли дил зи оҳи сарди мо. Ҳамчу най, дар ҳар нафас дорем нақди нолае, Эй ҳавас, ғофил мабош аз ганҷи бодоварди мо. Мо – сабукрӯҳон зи қайди шашдари тан фориғем, Муҳраи озоди дил дорад бисоти нарди мо. Гар диҳад сад бор гардун хоки оламро ба бод, Нашканад ошуфтагӣ ранге ба рӯйи гарди мо. Дӯш бо теғи табассум рафтӣ аз базму ҳанӯз Шӯр берун медиҳад захми намакпарварди мо. Дар саводи ҳайрат аз ёди ҷамолат бехудем, Рӯзу шаб хоби саҳар дорад дили шабгарди мо. Нест, Бедил, ҷуз навои қулқули минои май Ҳеҷ кас дар маҳфили хуниндилон ҳамдарди мо.