Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бар санг зад замона зи бас сози ошно

Бар санг зад замона зи бас сози ошно, Дар сурма гард мекунад овози ошно. Имрӯз нест қобили тафриқу имтиёз Анҷоми кори душману оғози ошно. Гар сайқале ба кор барад саъйи иттифоқ, Дил мехарошад оинапардози ошно. То кай дар ин бисот зи афсуни илтифот Бар рӯйи шамъ бӯса занад гози ошно? Доди кушоди кор тазаллум куҷо барад? Зад ҳалқа бастагӣ ба дари бози ошно. Гар муддаои дил ду нафас орамидан аст, Дому қафас хуш аст зи парвози ошно. Бишнав навои неку бад аз дуру дам мазан, Най нола доштаст зи дамсози ошно. Чанги қазост даҳр, амонгоҳи халқ нест, Гунҷишкро чӣ суд зи шаҳбози ошно? Миннаткаши такаллуфи ахлоқ кас мабод, Бегонаам зи хеш, ҳам аз нози ошно. Аз ҳар чӣ дам занӣ, ба хамӯшӣ ҳавола кун, Ин анҷуман пур аст зи ғаммози ошно. Мактуби ишқ қобили иншо касе наёфт, Бурдем сар ба муҳри адам рози ошно. Бедил, ба ҳарфу савти ҳам овора гашт халқ, Оҳ аз фусуни ғӯл ба овози ошно!