Ба аҷзе, ки дорӣ, қавӣ кун миёнро
Ба аҷзе, ки дорӣ, қавӣ кун миёнро,
Ба ҳикмат нагардондаанд осмонро.
Равон бош ҳамдӯши беихтиёрӣ,
Балад гир рафтори реги равонро.
Нафас, гар ҳама мавҷи гавҳар барояд,
Зи дасти гусастан нагирад инонро.
Дар ин анҷуман нокасӣ қадр дорад,
Зи касби адаб садр кун остонро.
Ба арзи ҳунар лаб кушудан нашояд,
Зи чидан маёшӯб ҷинси дуконро.
Чӣ дом аст дунё? Чӣ ном аст уқбо?
Ту меъморӣ ин хонаҳои гумонро
Касе бори дунё набурдаст бар сар,
Зи таслим бӯсест санги гаронро.
Ба ваҳми таайюн рамид аз ту роҳат,
Зи парвоз пар додаӣ ошёнро.
Ба меъроҷи давлат макаш ранҷи ботил,
Каҷиҳост дар ҳар қадам нардбонро.
Тунукмояи фақр дорад саодат,
Ҳумо гир бемағзии устухонро.
Зи лафз ошно шав ба мазмуни нозук,
Камар ҳалқа кардаст мӯйи миёнро.
Ҳисобест дар иттифоқи ду ҳамдам,
Ададҳост воҳид забону даҳонро
Зи худдории мост маҳрумии мо,
Бурун ронда хушкӣ зи дарё каронро.
Тамизе нашуд маҳви ин наргисистон,
Надидан кушудаст чашми ҷаҳонро.
Сару кори дунё аён аст, Бедил,
Мукаррар макун мунфаил имтиҳонро.