Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бо ҳама афсурдагӣ муфти тамошоем мо

Бо ҳама афсурдагӣ муфти тамошоем мо, Мавҷҳо дорад парӣ, чандон ки миноем мо. Рангҳо гул кардаем, аммо дар оғӯши адам, Байзаи товус зери боли анқоем мо. Манзили мо маҳмили мо, саъйи мо афтодагист, Ҳамчу ашк аз корвони лағзиши поем мо. Бехудӣ умрест аз дил мекашад рахти нафас, То буруни худ ҷаҳоне дигар ороем мо. Нардбони чоки дил то қасри гардун бурдан аст, Чун саҳар аз хеш осон барнамеоем мо. Гӯшаи ороми дигар аз куҷо ёбад касе, Чун нафас, дар хонаи дил ҳам намепоем мо. Имтиёзи васлу ҳиҷрон дурбоши кас мабод, Оҳ аз ин ғафлат, ки бо ӯ низ танҳоем мо. Сарфаи кӯшиш надорад ёди умри рафта ҳам, Фурсат аз каф меравад, то даст месоем мо. То ба ҳиммат бигзарем, аз ҳар чӣ меояд ба пеш, Ҳамчу фурсат якқалам дисози фардоем мо. Бе ҳузуре нест истиқболи азхудрафтагон, Саҷда гардӣ, гар бидонӣ бо кӣ меоем мо. Шӯхии осори маънӣ бе иборат мушкил аст, Фоштар гӯем, ӯ ҳам ӯст, то моем мо. Бемуҳобо кист, Бедил, аз сари мо бигзарад? Чун шикасти обила як қатра дарёем мо.