Бо саҳар рабте надорад шоми мо
Бо саҳар рабте надорад шоми мо,
Фориғ аст аз соф дурди ҷоми мо.
Дил ба тавфи хоки кӯе бастаем,
Тукма дорад ҷомаи эҳроми мо.
Гиря имшаб ҳасрати рӯйи кӣ дошт?
Равғани гул рехт аз бодоми мо.
Аз амал дилро мусаххар кардаем,
Пухта меҷӯшад хаёли хоми мо.
Дар ҳақи инсофи абнои замон
Доди таҳсин медиҳад дашноми мо.
Бар ҳарифон аз хамӯшӣ ғолибем,
Гар набошад баҳси мо илзоми мо.
З-ин чаман тасвири субҳе гул накард
Бенафастар аз ҳавои боми мо.
Дархури ризқи муқаддар зиндаем,
Решаи ин дона дорад доми мо.
Фақр моро шуҳраи офоқ кард,
Кӯс зад дар бенигинӣ номи мо.
Барнамеояд зи ташвиши кусуф
Офтоби кишвари айёми мо.
Нури маънӣ аз тасаннуъ бохтем,
Хона торик аст аз гулҷоми мо.
Ғайри рам дар корвони барқ нест,
Як хат аст оғоз то анҷоми мо.
Нома бар боли таҳайюр бастаем,
Бар кӣ хонад бекасӣ пайғоми мо?
То фалак боз аст дарҳои қабул,
Оҳ аз бесабрии иброми мо!
Ҳар тараф чун ашк, Бедил, медавем,
То куҷо белағзиш афтад гоми мо?