Эй хаёли қоматат оҳи заифонро асо
Эй хаёли қоматат оҳи заифонро асо,
Бар рухат наззораҳоро лағзиш аз ҷӯши сафо.
Нашъаи сад хум шароб аз чашми мастат ғамзае,
Хунбаҳои сад чаман аз ҷилваҳоят як адо.
Ҳамчу оина ҳазорат чашми ҳайрон рӯ ба рӯ,
Ҳамчу кокул як ҷаҳон ҷамъи парешон дар қафо.
Теғи мижгонат ба оби ноз доман мекашад,
Чашми махмурат ба хуни ток мебандад ҳино.
Абруйи мушкинат аз бори тағофул гашта хам,
Монда зулфи саркашат з-андешаи дилҳо дуто.
Ранги холат сурма дар чашми тамошо мекашад,
Гарди хаттат медиҳад оинаи дилро ҷило.
Баста бар боли асират номаи парвози ноз,
Хуфта дар хуни шаҳидат ҷӯши гулзори бақо.
Аз сафои оразат ҷон мечакад гоҳи арақ,
В-аз шикасти турраат дил медамад ҷойи садо.
Лаъли хомӯшат гар аз мавҷи табассум дам занад,
Ғунча созад дар чаман пироҳан аз хиҷлат қабо.
Аз нигоҳат нашъаҳо болида ҳар мижгон задан,
Дар хиромат фитнаҳо ҷӯшида бо ҳар нақши по.
Ҳар куҷо завқи тамошоят барандозад ниқоб,
Кист гардад як мижа бар ҳам задан саброзмо?
Гар ҷамолат ом созад рухсати наззораро,
Мардумак аз дидаҳо пеш аз нигаҳ гирад ҳаво.
Охир аз худ рафтанам роҳе ба фаҳми ноз бурд,
Сӯхтам чандон, ки бо хӯйи ту гаштам ошно.
Умрҳо шуд дар ҳавоят боли аҷзе мезанад,
То куҷо парвоз гирад Бедил аз дасти дуо?