Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Эй баҳористони иқбол, эй чамансимо, биё

Эй баҳористони иқбол, эй чамансимо, биё, Фасли сайри дил гузашт, акнун ба чашми мо биё. Мекашад хамёзаи субҳ интизори офтоб, Дар хуморободи махмурон қадаҳпаймо биё. Баҳр ҳар сӯ рӯ ниҳад, амвоҷ гарди роҳи ӯст, Ҳар ду олам дар рикобат медавад, танҳо биё. Хилвати андеша ҳайратхонаи дидори туст, Эй калиди дил, дари уммеди мо бикшо, биё. Арзи тахсис аз фузулиҳои одоби вафост, Чун нигаҳ дар дида ё чун рӯҳ дар аъзо биё. Беш аз ин натвон ҳарифи доғи ҳирмон зистан, Ё маро аз худ бибар, он ҷо ки ҳастӣ, ё биё. Фурсати ҳастӣ надорад дастгоҳи интизор, Муфти имрӯзем, пас, эй ваъдаи фардо, биё. Рангу бӯ ҷамъ аст, дар ҳар ҷо чаман дорад баҳор, Мо ҳама пеши туем, эй ҷумла мо, бо мо биё. Васли муштоқон зи асбоби дигар мустағнӣ аст, Эҳтиёҷ ин аст, к-эй сомони истиғно, биё. Ку мақоме, к-аз шукӯҳи маъният лабрез нест? Ғафлат аст инҳо, ки Бедил гӯядат: ин ҷо биё.