Эй рустаи гулзорат з-он наргиси ҷодуҳо
Эй рустаи гулзорат з-он наргиси ҷодуҳо
Соди қалами тақдир бо мисраи абрӯҳо.
Натвон ба дили ушшоқ афсуни раҳоӣ хонд,
З-ин силсила озоданд занҷирии гесӯҳо.
Найранги талаб моро ин дарбадарӣ омӯхт,
Қумрӣ ба бари сарв аст овораи кукуҳо.
Бар ғунча ситамҳо рафт, то гул чаманоро шуд,
Аз гарди шикасти дил рангест бар ин рӯҳо.
Сайди ду ҷаҳон аз адл дар панҷаи иқбол аст,
Парвоз намехоҳад шоҳини тарозуҳо.
Гар лафз нагардад фош, маънӣ нашавад урён,
Бепардагии ранг аст ошуфтагии бӯҳо.
Хиссат зи карамкешон зулм аст ба дарвешон,
Бар сабза дами теғ аст лабхушкии ин ҷӯҳо.
Мо саҷдасириштонро ҷуз аҷз паноҳе нест,
Уммеди расо дорем чун сар ба таҳи мӯҳо.
Ҳар кас зи назарҳо ҷаст, аз хок бурун наншаст,
Вомондаи ин саҳрост гарди рами оҳуҳо.
Ин олами андӯҳ аст, ёрон, тараб ин ҷо нест,
Ҷамъият агар хоҳед, пешонию зонуҳо.
Қонеъсифатон, Бедил, бар моидаи қисмат
Чун мавҷи гуҳар боланд аз хӯрдани паҳлӯҳо.