Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Эй мурдаи такаллуф, аз кайфу кам бурун о,

Эй мурдаи такаллуф, аз кайфу кам бурун о, Гоҳе ба рағми дониш, девона ҳам бурун о. То аз гулат ҷуз исор ранге дигар нахандад, Сар то қадам, чу хуршед, дасти карам бурун о. Танзеҳ бениёз аст аз инқилоби ташбеҳ, Гӯ, барҳаман, ду рӯзе маҳви санам бурун о. Сад шамъ з-ин шабистон дар худ зад оташу рафт, Эй хори пойи ҳиммат, з-ин сон ту ҳам бурун о. Дар арсаи таайюн бе ростӣ зафар нест, Ҳар ҷо ба ҷилва оӣ, бо ин алам бурун о. Шамъи бисоти ғайрат мапсанд доғи хиффат, Сарбозӣ он қадар нест собитқадам, бурун о. Чун ашки чашми ҳайрон бишкан қадам ба домон, То обрӯ нарезӣ, аз хона кам бурун о. Шарми ғурури аъмол обе назад ба рӯят, Эй инфиоли Кавсар, як ҷабҳа нам бурун о. Бори хаёли асбоб бар гардани ҳаё банд, То дӯш хам набинӣ, мижгон ба ҳам бурун о. Ашғоли шахси фитрат бе нафйи ваҳм саҳл аст, Чун хома чизе аз худ бо ҳар рақам бурун о. Бедил, зи қайди ҳастӣ саҳл аст нози ҷастан, Гар марди ихтиёрӣ, рав, аз адам бурун о.